Ссылки доступа

Қирғизистон кӯҳҳои масири Бишкек-Ӯшро гулулаборон кард


Дирӯз дар километри 132-уми шоҳроҳи Бишкек-Ӯши Қирғизистон бо истифода аз аслиҳаи нерӯҳои низомӣ минтақаи хатарнок гулӯлаандозӣ шуд. Дар натиҷа тармаи баробар ба 3 ҳазор метри муаккаб фурӯ рехт.

Тавре Кумитаи ҳолатҳои фавқулоддаи Қирғизистон хабар медиҳад, дар километри 133-и ин шоҳроҳ 7 гулӯлаи дигар зада шуд, аммо тарма нафаромад.

Километри 135-уми шоҳроҳ низ гулӯлаборон шуд. Аммо аз ин ҷо ҳам тарма нарехт. Дирӯз дар маҷмуъ 12 гулӯлаи тӯп зада шуд.

Гулӯлаборони минтақаҳои хатарноки роҳ имрӯз ҳам идома меёбад. Қирғизистон бо ин роҳ мехоҳад аз тармаҳои эҳтимолӣ дар шоҳроҳи муҳим пешгирӣ кунад.

XS
SM
MD
LG