Ссылки доступа

Дар шарқи Украина тонк ва силоҳҳои мамнуъ дида шудаанд


Дар навоҳии Алчевск, Первомайск, Донетск аслиҳае, ки тибқи шартномаи Минск мамнуъ шудаанд: тонкҳо, РСЗО ва системаи мушакандози қутри 100 милиметрӣ дида шудааст.

Тавре Сарраёсати иктишофии вазорати мудофиаи Украина хабар медиҳад, ин маълумот ба намояндаи Маъмурияти вижаи нозирони САҲА фиристода шудааст.

Нашрияи «Ҳақиқати Украина» бо такя ба Раёсати иктишофи низомӣ хабар медиҳад, ки воҳиди низомии Русия ба «пур кардани ҷойҳои таркишҳои мин бо минаҳо ва гулӯлаҳои нав» машғул аст, то баъдан ба нозирони САҲА нишон бидиҳад, ки неруҳои Украина шартномаи Минскро вайрон кардаанд.

XS
SM
MD
LG