Ссылки доступа

Корманди нуқтаи мубодилаи асъор дар Душанбе худкушӣ кард


Корманди нуқтаи мубодилаи асъор дар бозори "Фаровон"-и Душанбе дар манзилаш худкушӣ кардааст.

Мақомот ин ҳодисаро шарҳ намедиҳанд, аммо хешовандони ин сарроф мегӯянд, фоҷиа баъд аз он рух дод, ки ӯро ба маблағи 120 ҳазор сомонӣ ҷарима бастанд.

Алихон Азимов, корманди мубодилаи асъор, ки дар бозори "Фаровон"-и Душанбе дар тӯли ҳафт соли охир кор мекард, шаби 7 декабр дар манзилаш дар ноҳияи Рӯдакӣ худро ба дор овехтааст.

Олим Азимов, бародари Алихон мегӯяд, сабабҳои худкушии додараш рӯшан нест, аммо ин фоҷиа баъд аз он рух додааст, ки нуқтаи мубодилаи асъораш баста шуд ва мақомот ӯро ба маблағи 120 ҳазор сомонӣ ҷарима карданд.

Бонки миллии Тоҷикистон дар охири моҳи ноябр дар пайи болоравии қурби доллар дар нисбати пули миллӣ тасмим гирифт, ки ҳамаи саррофиҳо баста шаванд.

12 декабр қариб 60 корманди нуқтаҳои мубодилаи асъор дар назди бинои Бонки миллии Тоҷикистон ҷамъ омада, хостанд, мушкилоти худро дар назди раҳбарияти танзимгар ба миён гузоранд. Раҳбарияти Бонки миллӣ онҳоро итминон дод, ки мумкин аст, саррофиҳо баъд аз Соли нав дубора фаъол шаванд.

XS
SM
MD
LG