Қонун дар сомонаи маълумотҳои ҳуқуқӣ нашр шуда ва қувваи қонунӣ пайдо кардааст. Бино бар он ронандагони мошинҳои боркаш танҳо дар он сурат ҷаримабандӣ мешаванд, ки агар соҳиби мошин дар хориҷ аз Русия зиндагӣ кунад. Ҷарима барои такроран вайрон кардани қонун аз миллион рубл ба 10 ҳазор пойин оварда шудааст. Дар сурати дар як рӯз чанд бор вайрон кардани қонун, соҳиби мошин танҳо барои як қонуншиканӣ ба ҷавобгарӣ кашида мешавад.
Пардохт барои ҳаракати мошинҳои боркаши дорои вазни бештар аз 12 тонна дар шоҳроҳҳои федеролӣ аз 15 ноябри соли 2015 амалӣ шуд. Ин пардохт тавассути низоми “Платон” ситонида мешавад. Ин навоварӣ норозигии ронандагони мошинҳои боркашро ба вуҷуд овард ва онҳо дар саросари Русия даст ба иқдомҳои эътирозӣ заданд. Ронандагон ҳамчунин аз он нигаронанд, ки пардохтҳоро ширкати хусусие ҷамъ меорад, ки ҳаммуассисаш Игор Ротенберг – писари соҳибкори пурнуфузи наздик ба Путин – Аркадий Ротенберг аст.