Ссылки доступа

Бонки ҷаҳонӣ ба дурнамои ТАЛКО шубҳа кард


Бонки ҷаҳонӣ изҳор медорад, ки коҳиши нархи фузулот дар бозор ҷаҳонӣ дурнамои ширкати ТАЛКО-ро дар афзоиши тавлиди алюминий то 270 ҳазор тонна дар ду соли оянда зери савол мебарад. Ин гузориш зери номи "Пажӯҳиши иқтисоди Тоҷикистон №2, тирамоҳи соли 2015" нашр шудааст.

Игор Сатторов, сухангӯйи ширкати ТАЛКО 15 декабр ба Радиои Озодӣ гуфт, ки гузориши таҳқиқотии Бонки ҷаҳонӣ дар бораи иқтисоди Тоҷикистон, аз ҷумла дар бораи ТАЛКО чизи наве нест. Ба гуфтаи вай, дар асл ТАЛКО танҳо дар бораи афзоиши тавлиди алюминий то 270 ҳазор тонна эълон кардааст. Ин як дурнамои таҳқиқотие буд, ки вазъи бозори ҷаҳонӣ ва имкониятҳои техникии ширкатро дар бар мегирад ва ин дурнамо вобаста ба шароит метавонад тағйир ёбад.

Дар гузориши Бонки ҷаҳонӣ зикр шудааст, ки ТАЛКО дар нимсолаи аввали соли 2015 беш аз 61 ҳазор тонна алюминий содир кардааст ва мехоҳад дар соли ҷорӣ мизони содироти ин фузулотро 52% ё то 190 ҳазор тонна афзоиш диҳад.

Ба иттилои Бонки, ҷаҳонӣ арзиши як тонна алюминий аз 2400 доллари соли 2011 то 1900 доллар дар соли гузашта коҳиш ёфтааст. Интизор меравад дар соли ҷорӣ нархи алюмний то 1700 доллар барои як тонна ва дар соли оянда то 1500 доллар барои як тонна кам шавад.

XS
SM
MD
LG