Ссылки доступа

Пентагон: вазъи амниятӣ дар Афғонистон босуръат бад мешавад


Дар гузориши нави Пентагон барои конгресси ИМА зикр шудааст, ки дар нимаи дувуми соли ҷорӣ вазъи амниятӣ дар Афғонистон босуръат бад шудааст. Ҷангиён ҳамлаҳои маргбортаре анҷом дода, ниҳодҳои амниятии Афғонистон хисороти ҷиддитаре мебинанд.

Дар гузориш гуфта шудааст, ки судмандии кори ниҳодҳои қудратии кишвар «нобаробар ва омехта буд». Шумораи қурбониёни ҳамлаҳо дар Афғонистон аз 1 январ то 15 ноябр дар муқоиса бо ҳамин давраи соли гузашта 27 дарсад зиёд шудааст.

Фармондеҳи нерӯҳои ИМА ва НАТО дар Афғонистон генерал Ҷон Кемпбелл ба хабаргузории Associated Press гуфтааст, ки миқдори ҷангиёне, ки ба созмони террористии «Давлати исломӣ» байъат мекунанд, пайваста дар ҳоли афзоиш аст. Ба гуфтаи вай, ифротгароёни ДИ талош доранд, дар шаҳри шарқии Афғонистон -- Ҷалолобод пойгоҳи минтақавӣ таъсис диҳанд ва раванди ба сафи онҳо пайвастани «ҷангиёни хориҷӣ» аз Сурия ва Ироқ идома дорад.

XS
SM
MD
LG