Ссылки доступа

Русия мегӯяд, ки дар Қирғизистон мандарин намерӯяд


Воридоти маҳсулоти чинӣ бо номи қирғизӣ шакли доимие касб кардааст. Дар ин бора сомонаи Идораи федеролии назорати беҳдоштии ҳайвонот ва растаниҳои Русия (Росселхознадзор) хабар медиҳад.

Ба иттилои ин ниҳод, 11 декабри соли ҷорӣ аз воридоти 40 тонна мандарин пешгирӣ шуд, ки тибқи ҳуҷҷатҳо маҳсулоти Қирғизистон нишон дода шудааст. Аммо қуттибандии ин мандаринҳо гувоҳӣ медоданд, ки ин маҳсулоти чинӣ аст. Маълумоти дар ҳуҷҷатҳо зикршуда низ шубҳаовар буданд.

Тибқи гувоҳномае, ки барои воридоти ин мандарин таҳия шудааст, маҳсулот бояд тавассути гузаргоҳи марзӣ дар Ростови лаби Дон унвонии як ширкати москвагӣ ворид мешуд. Муҳрҳое, ки ба ҳуҷҷатҳо гузошта шудааст, низ далолат мекунанд, ки маҳсулот тавассути Қазоқистон ворид шудааст.

Росселхознадзор изҳор медорад, ки ин ҳодиса нагаронкунанда аст, зеро Чин дар мавриди амнияти беҳдоштии растаниҳо кишвари хатарзо дониста мешавад.

XS
SM
MD
LG