Ссылки доступа

"Бартери" тоҷикиву русӣ: Сангтӯда-1 аз андоз озод шуд


Порлумони Тоҷикистон нерӯгоҳи Сангтӯда-1-ро, ки 75% саҳмияҳои он моли давлати Русия аст, аз пардохти андозҳо дар моҳи декабри соли ҷорӣ ва дар тӯли тамоми соли 2016 озод кард.

Чунин қарор дар ҷаласаи Маҷлиси намояндагон 16 декабр ба сабаби қарздории ширкати "Барқи тоҷик" аз ин нерӯгоҳ гирифта шудааст.

Ба гуфтаи вакилони порлумон, бо озод кардани "Сангтӯда-1" аз пардохти андозҳо Тоҷикистон мехоҳад, маблағи қарзи "Барқи тоҷик"-ро аз ин нерӯгоҳ камтар кунад. То 1 декабри соли ҷорӣ қарзи ширкати "Барқи тоҷик" аз нерӯгоҳи "Сангтӯда-1" ба 513 миллион сомонӣ (қариб $75,5 миллион) расидааст.

Раиси ширкати "Барқи тоҷик" Мирзо Иброҳим дар шарҳи сабабҳои пайдо шудани ин қарз гуфт, ки ширкат аз ин нерӯгоҳ барқро бо нархи 2,14 сент харида, ба аҳолӣ онро бо нархи миёнаи 12 дирам мефурӯшад.

Дар ҳамин ҳол Кумитаи андози Тоҷикистон нерӯгоҳи "Сангтӯда-1"-ро яке аз ширкатҳои бузурги қарздор аз андоз унвон мекунад. Қарзи ин нерӯгоҳ аз Кумитаи андоз 28 миллион сомонӣ шумурда шудааст.

XS
SM
MD
LG