Ссылки доступа

Қирғизистон аз ҷаҳиши қурб 200 миллион доллар зарар дид


Будҷаи Қирғизистон ба сабаби болоравии қурби асъор 200 миллион долларро аз даст додаст. Дар ин бора вазири молияи кишвар Адилбек Касималиев дар ҷаласаи порлумон зимни муҳокимаи ворид кардани тағйирот ба будҷаи кишвар дар соли 2015 ва дурнамо барои солҳои 2016-2017 изҳор дошт.

Аммо вакил аз ҷиноҳи «Республика-Ата-Журт» Кенжебек Бақоев мегӯяд, болоравии қурби доллар будҷаи кишварашро ба камбуди 2 миллиард сом рӯбарӯ кардааст.

Бо вуҷуди талошҳои Бонки миллии Қирғизистон барои ҳифзи эътидол дар бозори пул қурби доллар аз аввали сол 29 дарсад боло рафтааст.

16 декабр як доллар дар нуқтаҳои хусусии табодули асъори Бишкек ба ҳисоби миёна ба 75,6 сом харида, 76 сом фурӯхта мешуд. Нархи евро аз 83 сом ҳам бештар буд.

XS
SM
MD
LG