Ссылки доступа

Тошканд ба таъсиси минтақаҳои озоди тиҷорат омода нест


Ӯзбекистон ба баррасии пешниҳоди таъсиси минтақаҳои озоди тиҷорат дар доираи Созмони ҳамкориҳои Шангхай (СҲШ) омода нест.

Дар ин бора 15 декабр дар ҷаласаи Шӯрои сарони ҳукуматҳои кишварҳои аъзои СҲШ дар шаҳри Чжэнчжоуи Чин муовини аввали сарвазири Ӯзбекистон Рустам Азимов изҳор дошт. Пешниҳоди андешидани чораҳои мушаххас ва таъсиси минтақаҳои озоди тиҷорат дар доираи СҲШ аз ҷониби сарвазири Чин Ли Кэтсян садо дод.

Тавре хабаргузории «Ҷаҳон» иттилоъ медиҳад, муовини аввали сарвазири Ӯзбекистон Рустам Азимов изҳор доштааст, ки чунин пешниҳод дар Стратегияи густариши СҲШ то соли 2025 пешбинӣ нашудааст. Ин барнома аз ҷониби сарони кишварҳои узв дар моҳи июли имсол дар шаҳри Уфаи Русия тасдиқ шуд.

Дар ҳамин ҳол, Азимов изҳор доштааст, ки Ӯзбекистон аз рушди минбаъдаи робитаҳои тиҷоративу иқтисодии кишварҳои СҲШ ва иҷрои чорабиниҳои дигар дар ин самт ҷонибдорӣ мекунад.

XS
SM
MD
LG