Ссылки доступа

ИМА ва Русия қатъномаи СММ оид ба ДИ-ро якҷоя таҳия мекунанд


Бо ҳадафи афзоиши фишор ба сарчашмаҳои молии гуруҳи “Давлати исломӣ” ИМА ва Русия дар якҷоягӣ лоиҳаи қатъномаи Шӯрои Амнияти СММ-ро таҳия мекунанд.

Ба гуфтаи иҷрокунандаи вазифаи муовини ноиб-вазири масоили терроризм ва сармоягузории иктишофии ИМА Адам Шубин, ин лоиҳа сармоягузории фаъолиятҳои террористиро “ба таври қатъӣ ғайриқонунӣ эълон мекунад”. Асоси ин тарҳро қатъномаи СММ дар робита ба созмони террористии “Ал-Қоида” ташкил медиҳад, ки баъд аз ҳамлаҳои 11 сентбяри соли 2001 пазируфта шудааст.

Тавре Шубин хабар медиҳад, ДИ, ки паҳноҳои зиёди Сурия ва Ироқро зери назорат дорад, аз фурӯши нафту газ ҳамасола то 400 миллион доллар даромад мегирад.

Ба гуфтаи вай, амалиёти моҳи майи зидди яке аз фармондеҳони гуруҳи террористӣ имкон дод, ки ҳамлаҳои ҳавоии ИМА ба чоҳҳои нафту газ дақиқтар зада шаванд. Ҳамлаҳои ҳавоии ИМА ба чоҳҳои нафт, бензин ва корхонаҳои хурди коркарди нафт равона шудаанд.

XS
SM
MD
LG