Ссылки доступа

Президент Путин нишасти хабарии солонаашро баргузор мекунад


Президенти Русия Владимир Путин имрӯз нишасти хабарии солонаашро баргузор мекунад. Гуфтугӯ бо расонаҳо, ки 11-умин cӯҳбатии Путин ба ҳайси раҳбари давлат аст, нисфирӯзии вақти Москва дар Маркази фурӯши байналмилалии Москва шурӯъ мешавад.

Ба нишасти хабарии имрӯза шумораи рекордии рӯзноманигорон – 1390 корманди расонаҳои русиву хориҷӣ сабти ном шудаанд. Ба гуфтаи сухангӯи президент Дмитрий Песков, чанд рӯзноманигор аз сабти ном нагузаштанд. Вале вай номи онҳоро зикр накард.

Тавре интизор меравад, рӯзноманигорони рус таваҷҷуҳи бештарро дар ин нишасти хабарӣ ба масоили иҷтимоӣ ва вазъи иқтисодӣ дар шароити коҳиши арзиши нафт равона хоҳанд кард. Намояндагони расонаҳои хориҷӣ, ба бовари таҳлилгарон, аз қадамҳои баъдии Русия дар сиёсати хориҷӣ, вазъи Сурия ва муносибат бо Туркия хоҳанд пурсид.

Владимир Путин сар аз соли 2001 ба ин сӯ ҳамасола нишасти хабарӣ баргузор мекунад. Тӯлонитарин нишасти хабарии вай дар соли 2008 ба қайд гирифта шудааст. Он замон Путин дар давоми 4 соату 40 дақиқа ба 106 суол посух гуфта буд.

XS
SM
MD
LG