Ссылки доступа

Таҳдидҳои амниятӣ модари Фархундаро ба Душанбе овард (видео)


Бибиҳоҷира Маликзода, модари Фархунда, духтари афғоне, ки моҳи марти имсол ба таври ваҳшиёна дар Кобул кушта шуд, ба Тоҷикистон кӯчидааст.

Дар гуфтугӯ бо Радиои Озодӣ вай гуфт, баъди фоҷиа намояндаи мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Кобул ба вай гуфтаанд, эълон кунад, ки духтараш аз ақл бегона буд ва худаш шаҳрро тарк кунад, зеро амнияти вай ва хонаводааш таъмин нест. Маликзода акнун ҳамроҳи хонаводааш ба Тоҷикистон омадааст, аммо мегӯяд, фоҷиаи духтари вай ва даҳҳо духтари дигари афғон бояд дар саросари Афғонистон муҳокима шавад.

Ба таври ваҳшиёна қатл шудани Фархундаи 27-сола вокунишҳои шадидро ҳам дар Афғонистон ва ҳам дар берун аз он ба вуҷуд овард. Созмонҳои ҷамъиятӣ талаб карданд, ки гунаҳкорони қатли Фархунда маҳкум шаванд.

Дар моҳи март як гуруҳ одамон дар Кобул Фархундаро бо он айбдор карданд, ки гӯё вай Қуръонро оташ задааст. Ин гуруҳ Фархундаро бо лату кӯб куштанд ва баъдан ҷасадашро оташ заданд.

Мақомоти Афғонистон 49 нафар, аз ҷумла афсари пулис ва амниятиро ба ҷавобгарӣ ҷалб карданд. Аз ин теъдод 4 нафар ба қатл маҳкум шуданд, 18 муттаҳами дигар бо далели собит нашудани гуноҳашон раҳо гардиданд. Қисмати боқимонда ба солҳои мухталиф равонаи зиндон шуданд. Вале модари Фархунда мегӯяд, таҳқиқ ва ҷазои гунаҳкорони марги духтараш ба охир нарасидаст.

Модари Фархунда: "Куштори духтарам намунаи беҳуқуқии занони афғон аст!"
пожалуйста, подождите

No media source currently available

0:00 0:03:29 0:00

XS
SM
MD
LG