Ссылки доступа

Аваков Саакашвилиро ба додгоҳ кашид


Вазири корҳои дохилии Украина Арсен Аваков барои ҳимояи шаъну шарафаш алайҳи губернатори вилояти Одесса Михаил Саакашивилӣ ба додгоҳ шикоят бурд. Дар ин бора вай дар барномаи “Интерфакс”-и шабакаи телевизионии “1+1” хабар дод.

Вазири умури дохилии Украина ҳамчунин илова кард, ки бино бар иттилои вай, сарвазири кишвар Арсений Ятсенюк низ алайҳи Саакашвилӣ шикоят бурдааст.

14 декабр дар ҷаласаи Шӯрои миллии ислоҳот миёни Аваков ва Саакашвилӣ ҷанги лафзӣ сурат гирифт ва онҳо ҳамдигарро ба фасодкорӣ айбдор карданд. Вазири корҳои дохилӣ ба сӯи Саакашвилӣ истакони обро ҳаво дод. Баъди ҷаласа дар нишасти хабарии кӯтоҳе Саакашвилӣ гуфт, ки Аваков аз “даромадҳои фасодолуд” ташаккули ғайрирасмии ҳарбиеро сармоягузорӣ мекунад. Саакашвилӣ ҳамчунин сарвазири Украина Аресний Ятсенюкро низ ба фасодкорӣ муттаҳам кард.

Дар ин ҷанги лафзӣ президенти Украина Петр Порошенко маҷбур шуд ҷаласаи Шӯрои миллии ислоҳотро қатъ кунад. Баъдтар вай дар Фейсбук навишт, “изҳороти тавҳиномези миллатгароёна”, ки “шаъну шарафи инсонро таҳқир мекунад ва ватандӯстиро зери шубҳа қарор медиҳад”, ғайри қобили қабул аст. Зимнан, вай илова кардааст, ки “мубориза бо фасод – ин соҳаи шоу-бизнес нест”.

XS
SM
MD
LG