Ссылки доступа

ВКД Ӯзбекистон: вазъият “таҳти назорат аст”


Вазорати корҳои дохилии Ӯзбекистон аз шаҳрвандон даъват кард, ки ба хабарҳои таҳдиди эҳтимолии гуруҳҳои тундгаро бовар накунанд.

Дар Раёсати мубориза бо терроризми ВКД-и Ӯзбекистон тасдиқ карданд, ки вазъи ҷиноӣ таҳти назорат аст ва паҳн кардани хабари эҳтимоли таҳдидҳо ҷомеаро ноором месозад. “Чунин овозаҳо асос надоранд ва зидди ҷомеа равона шудаанд. Ин гуна овозаҳо комилан решакан хоҳанд шуд. Аз фурсат истифода бурда, шаҳрвандонро даъват мекунам, ки ба иғвоҳо дода нашаванд ва ба ин овозаҳо эътибор надиҳанд”, - ба нақл аз Уктам Муродов, намояндаи раёсати мубориза бо терроризм менависад бахши ӯзбекии Радиои Озодӣ.

Пештар аз тақвияти чораҳои амниятӣ дар Ӯзбекистон хабар расида буд. Гуфта мешуд, ки гуруҳи тундгарои “Давлати исломӣ” ба Ӯзбекистон таҳдид мекунад.

Ба иттилои ҳомиёни маҳалии ҳуқуқи инсон, дар ду моҳи охир зиёда аз 200 нафар дар ин кишвар ба гумони ҳамкорӣ бо ДИ боздошт шудаанд.

XS
SM
MD
LG