Ссылки доступа

Дар "занозанӣ"-и додситонҳо зӯратарин пирӯз шудааст


Додситони 47-сола аз шаҳри Талдиқурғони вилояти Алмаато Бибигул Абдураҳимова гирякунон ҷоизаҳо ва мукофотҳои сершумор барои хидмати шоистаашро нишон медиҳад. Вале зарба ба рӯяш аз сӯйи ҳамкори мардаш ва ҷанҷоли дар пайи ин ҳодиса рух дода, рӯйхати хидмати шоистаашро қатъ кард.

Ин зан ба иқрор мешавад, ки танҳо баъд аз бекор мондану ҳақиқатҷӯ шуданаш дарк кардааст, чӣ тавр дар Қазоқистон аз ҳуқуқи худ ҳимоя кардан душвор будааст.

Ба гуфтаи Бибигул Абдраҳимова, то вуқӯи даргирӣ, ки ба муштзанӣ анҷомид, раиси бахш Айдос Жумагулов ҳар бор кори ӯро беасос танқид мекард. Дертар ҳангоми таҳқиқи ин ҳодиса ба хулоса омаданд, ки миёни зани додситон ва марди додситон ҷанги танбатан сурат гирифтааст. Яъне, ҳар дуи додситонҳо баробар айбдор будаанд. Аммо Бибигул Абдураҳимова мутмаин аст, ки ин ҳодиса ҷанги танбатан набуда, балки танҳо ӯро мезаданд ва он ҳам ҳамкори мардаш задааст.

Ниҳоди назоратӣ таҳқиқоти идорӣ анҷом дода, ҳар ду ширкаткунадаи ин қазияро дар вазифаҳояшон пасттар ва “муҷозот” карданд.

Ба Айдос Жумагулов пешниҳод карданд, ки ба унвони корманди қаторӣ дар додситонии ноҳиявии Ақсу кор кунад ва аз он ҷо вай аллакай ба вазифаи баландтаре дар Талдиқурғон баргашт. Бибигул Абдураҳимоваро ба ноҳияи дурдасттарини вилоят Балхаш фиристоданд. Аммо ин зани аз пешниҳод даст кашида, аз ниҳоди додситонӣ ба куллӣ аз кор рафтааст. Вай, ба гуфтае, ҳақиқатҷӯ шуд, аммо талошҳои вай барои ба ҷавобгарии ҷиддитаре ҷалб кардани Айдос Жумагулов то ҳол натиҷа надодаанд.

XS
SM
MD
LG