Ссылки доступа

Русия ба Ӯзбекистон "сармоягузори терроризм"-ро таслим мекунад


Коллегияи суди олии Русия ҳалномаи суди вилояти Орловро аз 25 августи соли 2015, ки тибқи он қарори муовини додситони кулли Русия Геннадий Лопатин дар мавриди истирдоди Шаҳобиддин Урунов ба Ӯзбекистон асоснок эътироф шудааст, бе тағйир гузошт.

Ба иттилои тафтишоти Ӯзбекистон, Урунов узви созмони «Таблиғчилар» шуда, ҳамчунин дар моҳи марти соли 2012 ба «Ҳизби исломии Туркистон» (ҲИТ) пайвастааст. Ҳангоми дар Москав буданаш, Урунов то моҳи октябри соли 2012, тавре тафтишот мегӯяд, ақидаҳои ҳизбро таблиғ карда ва барои пуштибонӣ аз ин ҳизб дар Афғонистону Тоҷикистон маблағ ҷамъ овардааст.

Дар зинаҳои шикоятӣ Урунов ва вакили вай аз ҳалномаи додгоҳ изҳори норизоӣ карда, гуфтанд, қонуни мурофиавии ҷиноятӣ дар зинаи аввали додгоҳ поймол шудааст. Дар хабари додситонии кулли Русия зикр шудааст, ки далелҳои Урунов ва вакилаш аз сӯи намояндаи прокуратураи генералии Русия рад шуданд. Ҳалнома қувваи қонунӣ гирифтааст.

XS
SM
MD
LG