Ссылки доступа

Блаттер ва Платинӣ 8 сол аз футбол барканор шуданд


Кумитаи ахлоқи Федератсияи байнулмилалии футбол (ФИФА) роҳбари созмон Йозеф Блаттер ва президенти Ассотсиатсияи футболи Аврупо (УЕФА) Мишел Платиниро барои 8 сол аз фаъолият дар соҳаи футбол маҳрум кард.

Блаттер ва Платинӣ, ки ҳамчунин ба пардохти ҷарима вазифадор шуданд, дар моҳи октябр ба муддати 90 рӯз аз мақомҳояшон барканор гардида буданд. Дар ин муддат дар мавриди интиқоли 2 миллион франки швейтсарӣ аз ФИФА ба суратҳисоби Платинӣ дар соли 2011 таҳқиқот идома дошт.

Ҳам Блаттер ва ҳам Платинӣ даст доштани худро дар фасодкорӣ рад мекунанд.

XS
SM
MD
LG