Ссылки доступа

Арзиши нафт ба поинтарин нуқтаи 11 соли охир расид


Нархи нафти навъи Brent дирӯз ба поёнтарин арзиши худ дар давоми 11 соли охир расид. Як бушкаи ин навъи нафт дар ивази 35 доллару 35 сент фурӯхта шуд. Арзиши нафте, ки дар Техаси ИМА истихроҷ мешавад, 34 доллару 74 сентро ташкил медиҳад, ки ин арзиш давоми 7 соли охир пасттарин унвон мешавад.

Сабаби ин поинравиро ба пайдоиши хабарҳо дар мавриди кам шудани талабот ба нафте рабт медиҳанд, ки барои гармидиҳӣ истифода мешавад. Гуфта мешавад, ба далели гарм боқӣ мондани қисмати Шимолии кураи Замин, аз нафт ҳамчун сӯзишворӣ барои гармидиҳӣ кам истифода мешавад.

Дар моҳи декабр арзиши нафти навъи Brent дар пасманзари истихроҷи рекордии он ва кам шудани талабот ба энергия 19 дарсад коҳиш ёфт. Таҳлилгарон мегӯянд, бо ворид шудани нафти Эрон ба бозори ҷаҳонӣ, афзудани содироти нафти Лубнон ва бардоштани маҳдудиятҳои интиқоли нафти ИМА қимати нафт боз ҳам коҳиш хоҳад ёфт.

XS
SM
MD
LG