Ссылки доступа

Мулоқоти дипломатҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон 24-25 декабр баргузор мешавад


Машваратҳои сиёсии миёни ҳайатҳои ВКХ Ӯзбекистон ва Тоҷикистон 24-25 декабри соли 2015 дар Душанбе баргузор мешаванд. Дар ин бора имрӯз сомонаи расмии вазорати корҳои хориҷии Ӯзбекистон хабар медиҳад.

Дар хабар гуфта шудааст, ки ҳайати ҳар ду кишварро муовини вазирҳои умури хориҷӣ раҳбарӣ мекунанд. Машварат мебоист 17-8 декабр баргузор мешуд, аммо ба таъхир афтод. Дар Душанбе то ҳол ин хабарро шарҳ надодаанд.

Дар хабари ВКХ Ӯзбекистон гуфта мешуд, ки дар ҷараёни ин машваратҳо табодули назар оид ба мушкилоти аслии минтақа, вазъият дар Ховари Миёна ва Афғонистон сурат гирифта, масъалаҳои равобити дуҷониба баррасӣ мешаванд.

Муносибатҳои миёни Тоҷикистон ва Ӯзбекистон баъд аз эъломи истиқлолият дар соли 1991 ҳамвор набуданд. Баъд аз эълони тасмими Тоҷикистон дар бораи азсаргирии сохтмони нерӯгоҳи Роғун ин муносибатҳо ба таври чашмрас сард шуданд. Тошканд то ҳол зидди сохтмони нерӯгоҳи Роғун аст.

XS
SM
MD
LG