Ссылки доступа

Артиши Ироқ ба мавзеъҳои «Давлати исломӣ» ҳамла мекунад


Нерӯҳои мусаллаҳи Ироқ ба маркази шаҳри Рамодӣ барои аз сар гирифтани назорати ин шаҳр ҳамла карданд. Ин шаҳр аз сӯйи ҷангиёни гурӯҳи ифротии «Давлати исломӣ» (ДИ) тасарруф шуда буд.

Намояндаи расмии ниҳодҳои зиддитеррористӣ Сабоҳ ал-Нӯмонӣ гуфт, нерӯҳои ироқӣ ба самти бинои ҳукуматӣ дар маркази Рамодӣ ҳаракат мекунанд. Нӯмонӣ афзуд, ки ҳоло ҷангҳо дар маҳаллаҳои атрофи ин бино идома доранд ва нерӯҳои ҳавоии ироқӣ аз фазо ба артиш кӯмак мекунанд.

Амалиёти озодии Рамодӣ, ки дар садкилометрии Бағдод воқеъ аст, дар авали моҳи ҷорӣ баъд аз талошҳои чандмоҳаи зери назорат гирифтани роҳҳои иртиботӣ бо ин шаҳр шурӯъ шуд. Ин шаҳр, ки маркази вилояти Анбар мебошад, моҳи май зери назорати ҷангиён даромад. Ин бузургтарин бохт барои ҳукумати Ироқ дониста мешавад. Ба иттилои ниҳодҳои махсуси Ироқ, теъдоди ҷангиёни ДИ дар Рамодӣ аз 250 то 300 нафар аст.

XS
SM
MD
LG