Ссылки доступа

Вакили мудофеи тоҷик ба ифротгароӣ айбдор шуд


Ба адовкати тоҷик Бузургмеҳр Ёров, ки дар тақаллубкорӣ ва сохтакорӣ айбдор мешуд, иттиҳомоти нав - «ташкили созмони ифротӣ», «даъватҳои оммавӣ ба ифрот» ва «барангехтани низои байниқавмӣ» эълон шудаанд.

Бузургмеҳр Ёров ба унвони яке аз вакилони дифои фаъолони ҳизби дар Тоҷикистон манъшудаи наҳзати исломӣ (ҲНИТ) дониста мешуд ва баъд аз эълони истифода аз шиканҷа дар нисбати фаъолони боздоштшудаи ҳизбӣ худ зиндонӣ гашт. Мақомот ӯро дар тақаллубкорӣ ва сохтакории ҳуҷҷатҳо айбор карданд.

Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон айбҳои нав дар нисбати Ёровро ба далели «махфӣ» будани парвандаи ҷиноӣ шарҳ намедиҳад. 28 сентябр муфаттишон аз дафтари кории вакили мудофеъ ҳуҷҷатҳои Ёровро мусодира карда, ӯро барои бозпурсӣ даъват карданд.

Хешовандони Ёров мегӯянд, дар ҷараёни дидор дар боздоштгоҳ вай айбҳои нав нисбати худро беасос дониста, гуфтааст, ки вай ҳуқуқдон аст ва ба ҳеч амали ифротгароёнае роҳ надодааст.

XS
SM
MD
LG