Ссылки доступа

Имрӯз дар Минск, дар ҷаласаи гуруҳи кории сеҷонибаи танзими вазъ дар шарқи Украина, дар мавриди оташбаси комил дар Донбасс шуруъ аз 23 декабр тавофуқ ҳосил шуд.

Дар ин бора Даря Олифер, котиби матбуотии намояндаи Киев дар ин гуфтугӯҳо Леонид Кучма хабар медиҳад. «Ба ин иқдом пеш аз ҳама сокинони Донбасс эҳтиёҷ доранд, то битавонанд дар фазои амн Милоди Масеҳ ва Соли навро ҷашн гиранд», - гуфт Даря Олифер.

Ин хабарро намояндаи САҲА дар гуруҳи сеҷониба Мартин Сайдик низ тасдиқ кард. Вай афзуд, гуруҳи сеҷониба ҳамоно аз вазъи ноустувори амниятӣ дар минтақаи даргириҳои шарқи Украина нигарон аст.

Яке аз масъалаҳои муҳиме, ки дар мавриди он ҷонибҳо ба мувофиқа нарасиданд, озодии асирон аст, хабар дод намояндаи САҲА. Табодули асирон ба шеваи «ҳама ба ҳама», ки дар шартномаи Минск омадааст, ҳанӯз амалӣ нашудааст.

XS
SM
MD
LG