Ссылки доступа

Қазоқистон барои касри буҷааш 1 млрд доллар қарз мегирад


Вакилони парлумони Қазоқистон имрӯз созишномаи қарзи Бонки Осиёии Рушдро (БОР) дар ҳаҷми як миллиард доллар барои касри буҷаи соли 2016 ба тасвиб расониданд.

Тавре вазири молияи Қазоқистон Бахит Султонов, дар муаррифии лоиҳа изҳор дошт, ин пул ба пуштибонии бахшҳои асосии рушди иҷтимоӣ ва иқтисодии кишвар, ҳамчунин иҷрои иқдомҳои стратегии ҳукумат барои тақвияти иқтисод равона мешаванд.

Ба гуфтаи вазир, қарзи БОР дар ҳаҷми як миллиард доллар барои 5 сол ҷудо шуда, се соли ин муҳлат имтиёзнок аст. Ба тақсимот ва баргардонидани ин қарз вазорати молия уҳдадор хоҳад буд.

Ба иттилои Султонов, ин қарз «дар шароити касри будҷа хеле муҳим аст».

XS
SM
MD
LG