Ссылки доступа

Дар Тошканд аз мардум хостанд, Соли навро дар хона ид кунанд


Шаҳрдории Тошканд ба сокинони пойтахт машварат додааст, ки аз Соли навро дар хона ҷашн гиранд, аммо баргузории ҷашнҳо дар тарабхонаҳо ва тафреҳгоҳ дигар манъ нест.

Расонаҳои нимарасмии Ӯзбекистон бо истинод ба шаҳрдории Тошканд навиштаанд, ки 31 декабр дар ресторанҳо ва тафреҳгоҳҳои дигар баргузории чорабиниҳои идона барои сокинон ва меҳмонони Тошканд ба нақша гирифта шудаанд.

Ёдовар мешавем, ки ҳафтаи гузашта дар расонаҳо хабарҳое нашр шуданд, ки аз дастурҳои хаттӣ ё машваратҳо барои баста шудани ресторанҳо ва қаҳвахонаҳо дар шаби Соли нав хабар медоданд.

"Аммо бояд дарк кард, ки ҷашни солинавиро дар кишвари мо дар хонавода таҷлил мекунанд ва ба ин хотир беҳтар аст, ки аз Соли нав дар хона ин шавад. Ин як машварати шифоии мо аст то сокинони пойтахт идро бо рӯҳияи хубе таҷлил кунанд", - омадааст дар хабари шаҳрдорӣ.

Дар Ӯзбекистон мудохилаи ниҳодҳои давлатӣ ба зиндагии ҳамарӯзаи мардум ва дастурҳо барои чӣ гуна баргузор кардани маросимҳои гуногуни оммавӣ ва ҷашнҳо ба як амри маъмулӣ табдил ёфтааст.

XS
SM
MD
LG