Ссылки доступа

Додситонии Тоҷикистон "дархост" аз Tcell-ро рад кард


Ширкати шведиву финнии TeliaSonera мегӯяд, ки Додситонии кулли Тоҷикистон тирамоҳи соли ҷорӣ аз ширкати Тcell, ки хадамоти алоқаи мобилӣ дар ин кишварро фароҳам меорад, хосааст, ки таҷҳизоти назоратиро дар ихтиёраш гузорад.

Дар хабар зикр шудааст, додситонӣ ин дархости худро ба он рабт додааст, ки ба ниҳодҳои давлатӣ ин таҷҳизот барои таҳқиқи бархе аз ҷиноятҳо зарур аст. Аз ҷумла гуфта шудааст, ки ин таҷҳизот барои таҳқиқи ҳодисаи исёни мусаллаҳона ва ҳамчунин ҷиноятҳое, ки тавассути шаҳрвандони Тоҷикистон дар сафи созмонҳои террористии байналмиллалӣ дар қаламрави кишварҳои хориҷӣ анҷом дода шудаанд, зарур аст.

Дар Додситонии кулли Тоҷикистон гуфтанд, ки дар ин бора иттилое надоранд. Дар маркази матбуотии додситонӣ ба Радиои Озодӣ гуфтанд, ки баъд аз арзёбии ҳаматарафаи ин мавзӯъ метавонанд масъаларо шарҳ диҳанд.

Дар Тоҷикистон 10 ширкати фароҳамкунандаи хадамоти алоқаи мобилӣ фаъол ҳастанд. Дар бозори алоқаи мобилӣ ширкатҳои "Вавилон", Tcell ва ҳамчунин ширкатҳо бо сармояи Русия "Мегафон" ва Beeline пешсафанд.

XS
SM
MD
LG