Ссылки доступа

Русия зидди “Давлати исломӣ” бо толибон алоқа дорад


Намояндаи махсуси президенти ФР дар корҳои Афғонистон Замир Кобулов гуфт, ки Русия бо толибон алоқа дорад, зеро ҳадафҳои онҳо дар мубориза бо «Давлати исломӣ» дар Афғонистон бо мақсадҳои Москва бо ҳам мувофиқанд.

Ба гуфтаи Кобулов, толибон бо ДИ ба ин хотир меҷанганд, ки ин гурӯҳ мехоҳад ба монанди «Ал-Қоида» дар чанд соли пеш онҳоро барои иҷрои ҳадафи фаромиллии ташкили хилофат ва роҳандозии ҷиҳоди умумӣ истифода кунад.

«Толибон чунин хатарро эҳсос карда, ба ин сабаб алаккай ба ДИИШ зарбаҳои сахте мезананд. Ҳам толибони афғон ва ҳам покистонӣ гуфтанд, ки Ал-Бағдодиро ба унвони халиф ва худи гурӯҳи ДИИШ-ро эътироф намекунанд. Ин хеле муҳим аст», - шарҳ дод Кобулов.

Кобулов гуфт, ки Русия ба содироти аслиҳа ба Афғонистон омодааст, аммо ин корро «бодиққат ва бар асоси фоидаи тиҷоратӣ» анҷом медиҳад. Вай амалҳои НАТО барои омӯзиши нерӯҳои амниятии Афғонистонро ғайрисудманд арзёбӣ карда гуфт, ки бадшавии вазъият дар Афғонистон ба Русия, Осиёи Марказӣ ва тамоми минтақа “хатари ҷиддӣ” эҷод мекунад.

XS
SM
MD
LG