Ссылки доступа

Маҷруҳшудаи таркиши фурудгоҳи Истамбул фавтид


Тибқи хабарҳои охирин, дар таркиши фурудгоҳи Сабиҳи Гёкчени Истамбул як нафар кушта ва як каси дигар маҷруҳ шудааст. Ҳамчунин 3 ҳавопаймо осеб дидааст. Пулис манбаи таркишро таҳқиқ дорад.

Ба иттилои оҷонсии хабарии Reuters, таркиш шаби сешанбе ба чаҳоршанбе дар макони таваққуфи фурудгоҳҳо рух додааст. Ду фаррош ҷароҳат бардоштаанд. Яке аз онҳо дар беморхона фавтид.

Тавре сомонаи нашрияи «Ҳуррият» хабар медиҳад, яке аз шоҳидони ҳодиса гуфтааст, вай се таркиши пайи ҳам шунидааст. Феълан фурудгоҳ дар ҳолати муқаррарӣ фаъолият мекунад.

XS
SM
MD
LG