Ссылки доступа

Дар Тоҷикистон дар бораи шоираи машҳур филм офариданд


Гуруҳи эҷодии киностудияи «Суғд Синамо» сабти филми нави ҳуҷҷатии «Духтари Сайҳун»-ро дар бораи шоира Фарзона ба анҷом расонид.

Иноят Ҳоҷиева, набераи аввалин раиси Шӯрои комиссарҳои халқи Тоҷикистон Адураҳим Ҳоҷибоев, ки аз тарафи режими Сталин дар соли 1937 ба қатл расид, бо тахаллуси Фарзона шеър эҷод мекунад ва бо нахустин шеърҳояш дар ибтидои соли 1990 маъруфият касб кард. Бештар аз 20 китоби вай дар Тоҷикистон, Эрон, Афғонистон, Русия, Бритониё ва дигар кишварҳо нашр шуда, ба шоира даҳҳо ҷоизаҳои адабӣ армуғон овардаанд. Дар муддати кутоҳе вай ба унвони Шоири халқии Тоҷикистон ва ҷоизаи давлатии ба номи Рӯдакӣ сарфароз шуд.

«Духтари Сайҳун», тавре директори «Суғд Синамо» Муҳиддини Музаффар мегӯяд, ҳафтаҳои наздик ба намоиш медарояд.

XS
SM
MD
LG