Ссылки доступа

Дар Гурҷистон ҳамаи хоҳишмандон метавонанд ба маҳбусон китоб тақдим кунанд


Дар Гурҷистон иқдоми «Ба зиндониён китоб тақдим намоед» идома доред, ки ҳамаи хоҳишмандон метавонанд ширкат кунанд. Ин чорабинӣ дар Китобхонаи миллии парлумон дар доираи фестивали китоби Солинавӣ рӯзҳои 25-27 декабр баргузор мешавад.

«Бо ин иқдом китобхонаи маҳбасро ғанӣ мегардонем ва ҳаёти маҳбусонро рангин мекунем ва Соли навро барояшон табрик карда, ба онҳо мерасонем, ки мо ғамхорашон ҳастем», - омадааст дар хабари созмондиҳандагон.

Иттиҳоди ноширони Гурҷистон ва паҳнкунандагони китоб бо кумаки Китобхонаи миллии парлумони Гурҷистон ин иқдомро ташкил кардааст.

XS
SM
MD
LG