Ссылки доступа

Фурудгоҳи Душанбе тадбирҳои амниятиро тақвият медиҳад


Ба сабаби қоидаҳои нави амниятӣ ҳамакнун гуселкунандагонро ба толори интизорӣ роҳ намедиҳанд. Аллакай як моҳ аст, ки қоидаҳои нав роҳандозӣ шуда ва тибқи онҳо гуселкунандаҳо ва пешвозгирандаҳоро ба толори интизории мусофирон роҳ намедиҳанд.

Ҷавоне бо номи Зоҳир, ки беш аз ду соат дар кӯча интизори омадани мусофирон аст, мегӯяд, маъмурони милитсия онҳоро иҷоза намедиҳанд, ки вориди толори интизорӣ шаванд. Ба гуфтаи вай, дар миёни пешвозгирандагон нафарони пиронсол, кӯдакон ва занон ҳастанд, ки барояшон соатҳои тӯлонӣ дар кӯча интизори мусофирон будан хеле сахт аст. Ба гуфтаи ин ҷавон, худаш шоҳид будааст, ки дар Русия ҳатто дар сурати пайдо кардани хабари таҳдиди амали террористӣ касеро ба кӯча намебароранд.

Қоидаҳои нав дар миёни мусофирон ва гуселкунандагон нигарониҳоеро ба вуҷуд овардааст, зеро на ҳама вақт парвозҳо дар вақти муайяншуда анҷом мешаванду мардум ночор дар сардӣ интизор ҳастанд.

Сухангӯи ширкати ҳавоии "Тоҷик Эйр" Муннавар Муллочаев роҳандозии қоидаҳои навро тасдиқ кард. Вай мегӯяд, ин қоидаҳо танҳо ба манзури амнияти мусофирон роҳандозӣ шудаанд. Вай дар зимн аз фоҷиаи ҳавопаймои ширкати ҳавоии русӣ дар Ховари Миёна ёдовар шуд.

XS
SM
MD
LG