Ссылки доступа

СММ созиши кӯчондани бархе аз оилаҳои ДИ-ро ба даст овард


Бо миёнаравии СММ тавофуқ шуд, ки аъзои бархе аз оилаҳои тарафдорони «Давлати исломӣ» ва ҷангиёни маҷрӯҳи ин гурӯҳ метавонанд минтақаи зери назорати шӯришиёнро дар ҷануби Димишқ тарк кунанд.

Ба гуфтаи Рамӣ Абдулраҳам, раҳбари созмони ҳимояи ҳуқуқи инсони Syrian Observatory for Human Rights даҳлези боамн аз ӯрдугоҳи фирориёни фаластинӣ дар Ярмуқи назди Димишқ ва ноҳияи ҳамсояи Хаҷар ал-Асвад боз карда мешавад.

Интизор меравад, ки ҳамаи ин мардум дар чанд моҳи дигар ба Раққа, шимоли Сурия ва минтақаҳои дигари зери назорати ДИ кӯчонда шаванд. Syrian Observatory for Human Rights хабар дод, ки барои интиқоли ин сокинон чанд автобус вориди минтақа шудааст.

XS
SM
MD
LG