Ссылки доступа

Ҷангҷӯёни тоҷик самташонро аз Сурия ба Афғонистон тағйир медиҳанд


Манбаъҳои Радиои Озодӣ дар бораи ба гуруҳи «Давлати исломӣ» дар Афғонистон пайвастани ҳадди ақал панҷ тоҷикистонӣ хабар медиҳанд. Мушоҳида мешавад, ки ҷангҷӯён масири худро аз Сурия ба Афғонистон иваз кардаанд.

Ба иттилои мақомоти қудратии Тоҷикистон, панҷ шаҳрванди кишвар дар сафи ДИ дар Афғонистон меҷангад. Пештар эҳтимол мерафт, ки ин афрод ба Сурия рафтаанд. Ин иттилоъро сокини Душанбе Н.К., ки талош дошт ба гуруҳи «Давлати исломӣ» дар Афғонистон пайвандад, вале дар ноҳияи Тахори он кишвар боздошт шуд, тасдиқ кард. Мақомоти Тоҷикистон аз эҳтимол дур намедонанд, ки теъдоди чунин афрод ба маротиб бештар бошад.

Дар ҳамин ҳол, чанд рӯз пеш гуруҳи тундгарои «Ансоруллоҳ», ки яке аз шохаҳои Ҳаракати исломии Ӯзбекистон дар Осиёи Марказӣ дониста мешавад, дар як муроҷиати видеоӣ эътироф кард, ки шаҳристони Вардуҷ дар вилояти Бадахшони Афғонистонро бо кумаки тоҷиконе гирифтанд, ки ахиран ба гуруҳи онҳо пайвастаанд.

XS
SM
MD
LG