Ссылки доступа

Русия шартномаи кумаки дуҷонибаи ҳуқуқиро бо Туркия бекор мекунад


Русия аз иҷрои шартномае, ки бо Туркия дар бораи кумаки дуҷонибаи ҳуқуқӣ барои парвандҳои шаҳрвандӣ, ҷиноӣ ва тиҷоратӣ баста буд, даст мекашад. Ин шартнома моҳи декабри соли 1997 дар Анкара имзо шудааст. Қарор дар бораи даст кашидан аз ин шартнома дар сомонаи расмии иттилои ҳуқуқӣ нашр шудааст.

Ин тасмим бо вазорати хориҷаи Русия, Кумитаи тафтишотӣ ва Прокуратураи генералии он кишвар мувофиқа шудааст.

Муносиботи Русияву Туркия баъди сарнагун кардани ҳавопаймои низомии Су-24-и Русия аз сӯи нерӯҳои ҳавоии Туркия бад шуд. Анкара мегӯяд, ҳавопаймои русӣ ҳарими ҳавоии Туркияро рахна карда буд. Москва ин иттиҳомотро рад ва зидди Туркия таҳрими иқтисодӣ ҷорӣ кард.

XS
SM
MD
LG