Ссылки доступа

Гурезае, ки дар дидор бо Меркел гириста буд, паноҳандагӣ гирифт


Духтари 14-солаи фаластинӣ, ки баъди шунидани хабари ихроҷаш аз Олмон дар ҳузури канслери ин кишвар Ангела Меркел гириста буд, ҳаққи истиқомат дар Олморо пайдо кард.

Ба иттилои нашрияи Bild, Рим Сахлвил, ки суолу ҷавобаш бо Меркел дар бораи ихроҷи хонаводааш аз ин кишвар дар макази таваҷҷуҳи расонаҳо қарор гирифт, метавонад то моҳи октябри соли 2017 дар Олмон монад. Волидайн ва бародари ин духтар низ метавонанд дар Олмон бимонанд.

Ҳангоми мулоқот бо хонандагони мактаб дар Росток моҳи июли имсол Меркел ба Рим посух дод, ки «гоҳҳо сиёсат – кори сангинест» ва Олмон наметавонад ҳамаи гурезаҳоро паноҳгоҳ диҳад. Баъди ин ҳарфҳо Меркел танқиди зиёде шунид. Пас аз ин ҳодиса буд, ки нашрияҳои Time ва Financial Times Меркелро ба хотири боз кардани сарҳадҳояш ба рӯи гурезагони Шарқи Наздик одами сол унвон карданд.

XS
SM
MD
LG