Ссылки доступа

Мушаки Русия ба ҳадафи худ дар Қазоқистон расид


Мушаки Русия, ки аз машқгоҳи вилояти Астрахани он кишвар партоб шуда буд, бомуваффақият ба ҳадафи шартӣ дар размоишгоҳи Саришагани Қазоқистон расид, хабар медиҳад вазорати мудофиаи Русия.

Партоби мушаки болдори байниқитъавии РС-12М “Топол” шаби панҷшанбе ба ҷумъаи 24 декабр соати 23 55 дақиқаи вақти Остона баргузор шуд.

Москва мегӯяд, ки ҳадафи ин партоб – озмоиши мушакҳои болдори байниқитъавӣ аст. Чунин як озмоишро Русия моҳи август анҷом дода буд. Он замон низ «Топол» ба ҳадафи рамзӣ дар машқгоҳи Саришаган расида буд.

Русия қисме аз ҳудуди машқгоҳи Саришагани вилояти Қарағандаи Қазоқистонро аз соли 1996 ба ин сӯ иҷора гирифтааст. Қисми дигари ин машқгоҳро Қазоқистон истифода мебарад.

XS
SM
MD
LG