Ссылки доступа

Дар Қазоқистон коргари норозиро суд мекунанд


Дар ноҳияи Каракиёни Қазоқистон муҳокимаи парвандаи Абай Калиев, корманди ширкати Techno Trading LTD, ки ба ширкати “Мангистаумунайгаз” хизмат мерасонад, шуруъ шуд. Раҳбари Techno Trading LTD Одил Ниёзов аз ҷавобгар талаб дорад, ки бахшиш пурсад ва 500 ҳазор танга зарари маънавӣ пардозад.

Ҷавобгар Абай Калиев дар додгоҳ гуфт, вай танҳо зери номаи дастаҷамъӣ барои пардохтани моҳона имзо гузошта, дар ҷаласаи муштараки намояндагони ҳизби «Нур Отан» суханронӣ кардааст. Абай мегӯяд, ҳеч ҳарфе нагуфтааст, ки ба роҳбар зарари маънавӣ расонида бошад.

Судя Бауирҷон Шайдуллин аз Одил Ниёзов хоҳиш кард, ки дар ҷаласаи навбатӣ барои исботи даъвояш далелҳои қаноатбахш пешниҳод кунад.

Пештар Абай Калиев ба бахши қазоқии Радиои Озодӣ гуфта буд, ки моҳи майи соли 2015 коргарони Techno Trading LTD гирдиҳамоӣ карда, аз роҳбарият хостаанд, моҳонаашон баланд карда шавад ва ҷойҳои корӣ ихтисор нагардад.

XS
SM
MD
LG