Ссылки доступа

Охирин муҳокимаи парвандаи Савченко дар соли ҷорӣ


Охирин муҳокимаи парвандаи Надежда Савченко дар соли ҷорӣ дар додгоҳи шаҳрии Донетск анҷом ёфт. Тамоми рӯз ҳимояткунандаҳо маводи хаттии ин парвандаро қироат карда, пешниҳоди далелҳои худро дар миёнаи моҳи январи соли оянда давом медиҳанд.

"Мутаассифона, мо ба поёни сол мерасем ва мисли соли гузашта Савченко ҳамчунон гуруснанишинӣ мекунад, - аз ҷараёни сол натиҷагирӣ кард вакили дифоъ Иля Новиков. - Мо намедонем, ки моро баъд аз се ҳафта чӣ дар пеш аст, зеро аз таҷрибаи соли гузашта медонем, ки баъд аз се ҳафтаи гуруснанишинӣ Надеждаро ба бемористон бурданд. Идомаи муҳокимаи додгоҳӣ дуруст ба ҳафтаи чаҳоруми гуруснанишинӣ рост меояд, ки бояд соли оянда сурат гирад".

Ба бовари вакили дифоъ, пирӯзии асосиро ҳимоятгарон дар ҷаласаи пеш аз охирини муҳокима соҳиб шуданд. Он замон ба парванда натиҷаи ташхиси мутахассиси пажӯҳишгоҳи кайҳонии Донишгоҳи давлатии Москва изофа карда шуд. Ин ҳуҷҷат собит мекунад, ки Савченко пештар аз тирпарроние асир гирифта шудааст, ки дар он хабарнигорони рус Антон Волошин ва Игор Корнелюк кушта шудаанд. Дар қатли ин рӯзноманигорон ҷониби Русия сарбози украин Надежда Савченкоро айбдор мекунад.

Ҳавонаварди украин аллакай як ҳафта аст, ки аз 17 декабр гуруснанишинӣ мекунад. Он рӯз додгоҳ мӯҳлати боздошти ӯро то моҳи апрели соли 2016 дароз карда буд.

XS
SM
MD
LG