Ссылки доступа

Дар Қирғизистон гирдиҳамоӣ бо «пули хориҷиён» ва ниқоб манъ мешавад


ВКД-и Қирғизистон пешниҳод дорад, ки баргузории гирдиҳамоиҳо, эътирозҳо ва маҷлисҳои гуногуне, ки аз ҳисоби хориҷиён сармоягузорӣ мешаванд, манъ гардад. Чунин тарҳи ислоҳи қонун «Дар бораи маҷлисҳо» ва қонун «Дар бораи ҷавобгарии маъмурӣ» ба баррасии порлумони кишвар – Жогорку Кенеш ворид шудааст.

Дар лоиҳа омадааст, маҷлисҳои осоишта бояд аз ҳисоби шахсии ташкилкунандагон ва ширкаткунандагони ин ҳамоишҳо баргузор шаванд ва ҳамзамон созмондиҳандагон вазифадор мешаванд, ки ба таври хаттӣ ба ниҳодҳои давлатӣ дар бораи сармоягузорони ин ҳамоишҳоро иттилоъ пешниҳод кунанд.

Барои вайрон кардани ин талабот ҷарима ба маблағи аз 1 то 2 ҳазор сом барои шаҳрвандон, аз 2 то 5 ҳазор сом барои нафарони масъул ва аз 10 то 15 ҳазор барои созмону ниҳодҳо пешбинӣ шудааст. Ҳамчунин барои баргузории ҳамоишҳои осоишта бо рӯйҳои ниқобпӯш, рӯйбандҳо ва ё бо истифода аз “шаклҳои дигари” пинҳонкорӣ ҷаримаҳо пешбинӣ шудаанд.

XS
SM
MD
LG