Ссылки доступа

Ал-Бағдодӣ бо таҳдидҳои нав паём дод


Абубакр ал-Бағдодӣ, раҳбари гурӯҳи ифротии “Давлати исломӣ” (ДИ) дар як сабти садоие, ки дар Интернет нашр шуд, ба исроилиҳо таҳдид карда, мегӯяд, базудӣ ҷангиёни вай дар Фаластин пайдо шуда, дар он ҷо давлати исломӣ таъсис медиҳанд.

“Акнун бо мо на танҳо салибдорон, балкӣ тамоми ҷаҳон меҷангад”, - гуфт Бағдодӣ.

Вай ҳамчунин аз сокинони Арабистони Саудӣ даъват кард, ки исён кунанд. Зеро ин кишвар 15 декабр аз таъсиси эътилофи иборат аз 34 кишвар барои мубориза бо ДИ хабар дод.

Ба навиштаи рӯзномаи исроилии «Ҳааретс», бо назардошти бархе аз ишораҳои Бағдодӣ ин сабт баъд аз оғози ҳамлаҳои ҳавоии Русия дар Сурия анҷом шудааст. Вай аз ҷумла гуфт, ки зарбаҳои амрикоӣ ва русӣ гурӯҳи ӯро қавитар кардаанд.

Ин нахустин сабти садоии Бағдодӣ дар ҳафт моҳи ахир аст.

Тибқи бархе аз иттилоъ, дар моҳи октябр вай дар пайи мушакборони нерӯҳои ироқӣ сахт захмӣ шуда буд. Пештар аз марги ӯ низ хабар дода мешуд.

Дар ҳамин ҳол, нерӯҳои муштараки мухолифони Сурия назорат ба сарбандеро дар атрофи шаҳри Раққа – пойгоҳи асосии ҷангиёни ДИ дубора ба даст оварданд.

XS
SM
MD
LG