Ссылки доступа

Феҳрасти 4 ҳазор номи тоҷикӣ ба ҳукумат пешниҳод шуд


Кумитаи забон ва истилоҳоти назди ҳукумати Тоҷикистон «Феҳрасти ягонаи номҳои миллӣ»-ро омода ва ба ҳукумат фиристод.

Тавре корманди Кумитаи забон ва истилоҳот Абдураҳим Зулфониён ба Радиои Озодӣ гуфт, феҳраст баъди тасдиқи ҳукумат ба идораҳои сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ ирсол мегардад ва дар асоси ҳамин ҳуҷҷат ба навзодон ном гузошта мешавад. «Кормандони ин идораҳо бояд дар асоси ин феҳраст ба навзодон ном гузоранд. Шаҳрвандоне, ки асолатан тоҷик ҳастанд, ҳақ надоранд ба исми фарзандонашон пасвандҳои туркии «қул» ва «хон» изофа кунанд», - гуфт Зулфониён.

Аммо вай афзуд, ақалиятҳои миллӣ ҳақ доранд ба фарзандонашон мувофиқи анъанаҳои миллии худ ном гузоранд.

Феҳрасти ягонаи номҳои тоҷикӣ ибтидои соли 2016 нашр хоҳад шуд. Абдураҳим Зулфониён гуфт, ҳамаи номҳои арабӣ, ки дар гузашта истифода мешуданд ва шомили забони адабии тоҷикӣ ҳастанд, ҳамчунин ба ин феҳраст ворид шудаанд.

XS
SM
MD
LG