Ссылки доступа

Дар Қазоқистон сармоягузорӣ ба варзиш кам мешавад


Ширкати «КазРосГаз», ки сарпарасти асосии тими «Кайрат» - барандаи медали нуқраии мусобиқаи футболи Қазоқистон аст, дар соли 2016 ба ин тим маблағгузорӣ намекунад.

Роҳбарияти «Кайрат» ин иттилоъро тасдиқ карда, гуфт, тим ҳоло дар ҷустуҷӯи сарпарасти нав аст. Ширкати «КазРосГаз» 70 дарсади буҷаи «Кайрат»-ро таъмин мекард, ҳокимияти шаҳри Алмато 30 дарсади боқимондаро медод.

Ҳокимияти вилояти Атирау хабар дод, ки аз буҷаи маҳаллӣ ба тими «Атирау» 531 миллион танга ҷудо мекунанд. Дар муқоиса ба буҷаи соли гузашта ин маблағ камтар аст.

Иҷрокунандаи вазифаи мудири тими «Шахтёр»-и Қарағанда Владимир Нидергаус гуфт, «бино бар вазъи иқтисодӣ» сармоягузории тим хеле кам шудааст.

Пештар аз ин президенти Кумитаи олимпии Қазоқистон Тимур Қулибоев гуфта буд, ки ҳамасола дар вилоятҳо барои варзиш 3-4 миллиард ва дар шаҳрҳои Остона ва Алмато 5-6 миллиард танга ҷудо мешавад. Қисми бештари ин маблағҳо барои футбол равона мешаванд.

XS
SM
MD
LG