Ссылки доступа

Юлдуз Усмонова дар таронаи наваш Ислом Каримовро «подшоҳ» номид


Юлдуз Усмонова, сарояндаи 52-солаи маъруфи Ӯзбекистон 22 декабр дар тарабхонае дар бораи президенти ин кишвар Ислом Каримов суруде сароид.

«Ман барои подшоҳамон, падари миллат, ки чанд сол аст Ӯзбекистонро идора мекунад, сулҳу ваҳдатро дар кишвар таъмин мекунад, шеър навиштам. Ман ҳазор бор аз ӯ миннатдорам», - гуфт Юлдуз Усмонова дар ҳузури 500 меҳмони тарабхона.

Суруди вай аз ситоиши шаҳри Самарқанд, ки зодгоҳи президент Ислом Каримов аст, оғоз шуд. Дар сурудаш Усмонова Ислом Каримовро тавсиф карда, ӯро вориси Амир Темур (Темурланг) номидааст.

Тавре хабар дода мешавад, миёни меҳмонон намояндгони сафоратхонаҳо, аз ҷумла сафири Туркия дар Ӯзбекистон Намик Гюнер Эрпул, низ будаанд.

XS
SM
MD
LG