Ссылки доступа

Раиси нави КДАМ дар Қазоқистон таъйин шуд


Вакилони парлумони Қазоқистон дар ҷаласаи имрӯзӣ таъйини Владимир Жумакановро дар вазифаи раиси Кумитаи давлатии амнияти миллии он кишвар тасдиқ карданд.

Роҳбари дастгоҳи президент Нурлан Нигматулин аз вакилон хост, ки номзадии Жумакановро тасдиқ кунанд.

Рӯзи ҷумъаи гузашта президенти Қазоқистон Нурсултон Назарбоев Нуртай Абикаевро аз раисии КДАМ барканор ва вакили парлумон таъйин кард. Ба курсии Кумитаи амният Владимир Жумаканов, ки то ин дам муовини аввали Абикаев буд, пешниҳод шуд.

Бародарзодаи Назарбоев Самат Абиши 38-сола рӯзи ҷумъа муовини аввали раиси КДАМ таъйин гардид.

XS
SM
MD
LG