Ссылки доступа

Нигаронии ҳомиёни ҳуқуқ аз таъқиби судии рӯзноманигорон


Марказҳои ҳифзи ҳуқуқи инсон «Килим шами» ва «Эътилоф барои демократия ва ҷомеаи шаҳрвандӣ» дар Қирғизистон «аз таъқиби судии рӯзноманигорон Дайирбек Орунбеков ва Уран Ботобеков» изҳори нигаронӣ мекунанд.

Дар изҳороте, ки аз номи созмонҳои ҳимояи ҳуқуқ ба президент ва парлумон фиристода шудааст, омадааст, ки ҳаҷми ҷаримаҳо ниҳоят зиёд аст. Рӯзноманигор Дайирбек Орунбеков дар моҳи июни имсол барои расонидани зарари маънавӣ вазифадор шуд, то ба президенти Қирғизистон дар ҳаҷми 2 миллион сом ҷарима пардозад. Дар яке аз мақолаҳои худ ин рӯзноманигор президент Алмосбек Отамбоев ва дигар аъзои Ҳукумати муваққатро айбдор кард, ки фаъолияти онҳо ба ҳодисаҳои июни соли 2010 боис шуд.

Бо даъвои мушовири президент Икром Илмиянов, 5 июли соли 2015 додгоҳи ноҳияи Свердловск қарор баровард, ки аз рӯзноманигор, раиси Кумитаи иҷроия ва узви Шӯрои сиёсии ҳизби мухолифи «Улуттар биримдиги» Уран Ботолбеков 1,8 миллион сом «барои паст задани шаъну шараф» ситонида шавад. Ботобеков барои «ғасби худсаронаи» нашрияи «Вечерний Бишкек» президент ва атрофиёнашро танқид кард.

XS
SM
MD
LG