Ссылки доступа

Толибон «бо мансабдори баландпояи рус» мулоқот карданд


Манбаъҳое аз Афғонистон ба шарти ифшо нашудани номашон ба Радиои Озодӣ гуфтанд, ки як узви Шӯрои Кветт (ниҳоди олии «Толибон»), аз эҳтимол дур нест, ки ин нафар Мулло Мансур бошад, бо мансабдори баландпояи Русия мулоқот кардааст. Аммо шахсияти мансабдори рус маълум нест.

Нашрияи бритониёии «The Sunday Times» 27 декабр бо такя ба яке аз фармондеҳони толибон аз дидори махфии президенти Русия Владимир Путин бо роҳбари кунунии ҳаракати “Толибон” Мулло Ахтар Мансур хабар дод. Ба иттилои манбаи нашрия, Путин ва Мансур эҳтимоли пуштибонии Русия аз ҷангҷӯёнро баррасӣ кардаанд. Хабар дода мешавад, ки ин мулоқот дар моҳи сентябр дар ҳудуди пойгоҳи низомии Русия дар Тоҷикистон баргузор шудааст.

Дар сатҳи расмӣ Кремл ва «Толибон» ин хабарро рад мекунанд. Путин 15-16 сентябр дар Тоҷикистон қарор дошт.

Сафири Русия дар Тоҷикистон Игор Лякин-Фролов 28 декабр хабар дод, миёни толибон гуруҳи муътадиле ҳаст, ки ният дорад бо Русия музокира кунанд. Пештар аз ин толибон изҳороти намояндаи махсуси Русия оид ба Афғонистон Замир Кобуловро дар бораи иртиботи Русия бо толибон рад карданд.

XS
SM
MD
LG