Ссылки доступа

Дар Сурия берунории муҳосирашудагон идома дорад


Ба гуфтаи фаъолон ва кормандони башарӣ, автобусҳо ва мошинҳои ёрии таъҷилӣ, ки низомиёни маҷруҳ ва сокинони осоиштаро интиқол медиҳанд, навоҳии озодшудаи Сурияро тарк ва ба самтҳои Туркияву Лубнон ҳаракат мекунанд.

Наздики 125 шӯришгар аз Зободонӣ дар наздикии марзи Лубнон – шаҳре, ки дар тасарруфи шӯришгарон қарор дорад, вале аз сӯи нерӯҳои давлатӣ муҳосира шудааст, ба самти фурудгоҳи Бейрут ҳаракат доранд. Ба иттилои созмони Syrian Observatory for Human Rights, аз онҷо шӯришиён ба Туркия мераванд ва баъдан аз минтақае, ки зери назорати шӯришиён аст, вориди марзи Сурия мешаванд.

Дар ҳамин ҳол 330 сокини осоишта ва силоҳбадаст, ки дар ду деҳаи шиамазҳаби ҳукуматгаро дар шимолу ғарби Сурия муҳосира шудаанд, ба самти шаҳри Хатайи Туркия ҳаракат мекунанд, то ин ки тариқи ҳавопаймо ба Бейрут парвоз кунанд ва аз онҷо ба Димишқ бирасанд. Дар ин бора як корманди мададрасон ба оҷонсии хабарии Reuters хабар додааст.

Дар гузашта ҳукумати Сурия ва шӯришиён чанд бор дар бораи оташбаси муваққат гуфтушунид карданд, аммо созиши ахир дар бораи берун овардани муҳосирашудагон – дар панҷ соли ҷанг калонтарин созиш унвон мешавад.

XS
SM
MD
LG