Ссылки доступа

Ҷангҷӯёни ДИ барои саркашӣ аз ҷанг 30 наврасро куштанд


Ҷангҷӯёни гуруҳи террористии «Давлати исломӣ» 30 наврасеро, ки нахостанд дар амалиётҳои ҷангӣ алайҳи нерӯҳои ироқӣ дар шаҳри Рамодӣ биҷанганд, куштанд, хабар медиҳад оҷонсии ТАСС. Ин маълумотро намояндаи Шӯрои вилояти Найвани Ироқ (ки маркази маъмурияш шаҳри Мавсул аст) тасдиқ кардааст.

Хабар дода мешавад, ҷонибдорони ДИ ин 30 наврасро, ки бештар аз 16 сол надоштанд, аз байн бурдаанд. Ин наврасон ба он айбдор мешуданд, ки гӯё ҳангоми ҳамлаи нерӯҳои ироқӣ ба Рамодӣ аз шаҳр фирор кардаанд. Гуруҳи наврасон, ки нахостанд биҷанганд ва аз Рамодӣ фирор карданд, ба шаҳри Мавсул оварда шуданд.

Аъзои Шӯрои вилоят гуфт, «ҳамаи 30 наврас дар мазҳари ом дар майдони марказии ноҳияи Эл-Кияр дар қисмати ҷанубии Мавсул кушта шуданд».

Нерӯҳои ироқӣ назорати шаҳри Рамодиро комилан ба даст гирифтанд, хабар медиҳад шабакаи Си-Эн-Эн бо такя ба ҳукумати Ироқ.

Бо пуштибонии зарбаҳои ҳавоии эътилоф ба раҳбарии ИМА, нерӯҳои ироқӣ 22 декабр вориди маркази Рамодӣ шуда, талош карданд шаҳрро дар тасарруфи худ дароранд.

XS
SM
MD
LG