Ссылки доступа

Ду донишҷӯдухтар дар Русия барои кумак ба ДИ маҳкум шуданд


Ду шаҳрванди Русия барои расонидани кумаки молӣ ба гурӯҳи «Давлати исломӣ» панҷ сол зиндонӣ шуданд.

Елена Аршаханова ва Саида Халикова, донишҷӯёни донишкадаи тиббии Астрахан эҳтимол меравад ҷиҳози хона ва собуни худсохтро фурӯхта, даромадашро ба ҳисобҳои бонкии ДИ интиқол медоданд. Халикова, ки аз моҳи декабри соли гузашта дар боздошти муваққатӣ қарор дорад, дар он айбдор дониста шуд, ки 43 ҳазор рублро ирсол кардааст. Вакили дифои вай иддао дошт, ки ин маблағ барои як созмони хайрияи исломӣ, ки ба ниёзмандон кумак мекунад, пешбинӣ шуда буд.

Ба гуфтаи намояндаи додгоҳ, Ирина Жирнова, ҳар дуи духтарон ба гуноҳи содиркардаашон иқрор шуданд. Модари Халикова мегӯяд, ки духтараш таҳти фишорҳо баёнот дода, дар ин гуноҳ иқрор шудааст. Ба иттилои мақомот, дар Ироқ ва Сурияю ба ҷонибдорӣ аз ДИ қариб 2900 шаҳрвандони Русия меҷанганд. Кумитаи миллии зиддитеррористии Русия хабар дода буд, ки дар соли 2014 ба кишвар 214 гумонбарони ҷангӣ баргаштанд ва 41 нафари онҳо боздошт шудаанд.

XS
SM
MD
LG