Ссылки доступа

Ракишев соҳиби асосии саҳмияҳои Казкоммертсбонк шуд


Казкоммертсбонк эълон кард, ки саҳмиядораш Кенес Ракишев ба бузургтарин соҳиби саҳмияҳои ин бонк табдил ёфт.

Дар баёнияи матбуотии Казкоммертсбонк хабар дода шудааст, ки Ракишев бо ширкати “Алнаир” амалиёт барои харидории ширкати Alnar Capital Holding-ро анҷом додааст. Ширкати ахирӣ соҳиби 28,08 дарсади саҳмияҳои оддии Казкоммертсбонк буд.

Ҳамакнун Ракишев соҳиби 56,75 дарсади миқдори умумии саҳмияҳои Казкоммертсбонк шуд. Дар моҳи август хабар дода шуда буд, ки раиси собиқи шӯрои мудирони Казкоммертсбонк Нуржан Субханбердин ба саҳмиядори дигари ин бонк Кенес Ракишев зери унвони “дар чаҳорчӯби ҳамгироӣ бо БТА бонк” 2,82% саҳмияҳои худро фурӯхтааст.

Дар соли 2013 Ракишев раиси шӯрои мудирони БТА Бонк таъйин карда шуд. Ин бонк то моҳи феврали соли 2009 моли Мухтор Аблёзов буд, ки сипас ба мунтақиди давлати Қазоқистон табдил ёфт. Ҳоло Мухтор Аблёзов дар зиндоне дар Фаронса қарор дорад. Вай интизори истирдодаш ба Русия мебошад, ки дар он ҷо ӯ бо иттиҳомоти додгоҳ рӯбарӯст. Вай ин айбномаро интиқоми мақомоти Қазоқистон барои фаъолиятҳои мухолифонааш арзёбӣ мекунад.

XS
SM
MD
LG